Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ оид ба гӯсфанди ҳисорӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмию амалӣ оид ба гӯсфанди ҳисорӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалӣ олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Беларус ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок менамоянд. Онҳо масъалаҳои соҳаи парвариши гӯсфандон дар Тоҷикистон ва Узбекистон, тағйирёбии вазни зиндаи наслҳои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва гӯсфандони ҳисорию қирғизӣ дар шароити ҷануби Қирғизистон ва дигар масоилро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Дар доираи Симпозиуми байналмилалии илмӣ-амалӣ 19 сентябр дар шаҳри Ҳисор Фестивал-намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» гузаронида мешавад.
Дар Фестивал-намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» дастовардҳои кишоварзию ҳунармандии корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор ва дастовардҳои олимон дар соҳаи гӯсфандпарварӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Инчунин намоиш – музоядаи гӯсфандони зоти ҳисорӣ доир шуда, ғолибони фестивал – намоиш бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






