Сироҷиддин Муҳриддин бо фиристодаи махсуси раёсати амалкунандаи САҲА Тери Ҳакала мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 12.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо фиристодаи махсуси раёсати амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)/Финляндия Тери Ҳакала мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот мусоҳибон оид ба доираи васеи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо дар се ченаки фаъолияти созмон, бахусус дар самти муқовимати муштарак бар зидди хатарҳои муосир, тағйирёбии иқлим, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноят мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Финляндия мавриди баррасӣ қарор гирифта, зарурати тавсеаи доираи ҳамкорӣ таъкид карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






