Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок намуд

Сентябрь 25, 2025 10:51

ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи  иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти солонаи Гурӯҳи 77 ва Чин (G77) иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири корҳои хориҷии мамлакат аз талошҳо барои суръат бахшидан ба  ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таҳкими низоми бисёрҷониба пуштибонӣ намуд. Инчунин зимни изҳороти ҷониби Тоҷикистон диққати махсус ба зарурати ислоҳоти сохтори молиявии байналмилалӣ, таҳкими сулҳу амният ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дода шуд.

Илова бар ин, Сироҷиддин Муҳриддин зимни таъкиди  аҳаммияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва мудирияти захираҳои об нақши фаъол ва созандаи Тоҷикистонро дар ташаббусҳои таъмини рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2025 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд