Сироҷиддин Муҳриддин дар муколамаҳои сатҳи баланд оид ба низомҳои огоҳии бармаҳал иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 23.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар муколамаҳои сатҳи баланди суръатбахшии раванди қабули қарорҳо оид ба огоҳии бармаҳал ва мубориза бо гармои шадид иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сироҷиддин Муҳриддин бо ишора ба мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон таъкид кард, ки низомҳои огоҳии бармаҳал яке аз василаҳои муассир барои мубориза бо обшавии босуръати пиряхҳо ва хатари афзояндаи обхезӣ ва хушксолӣ маҳсуб мешаванд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин ба масоили муҳити зист, об ва иқлим рӯй оварда, дар ин росто аҳамияти ташаббуси Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2025 Соли ҳифзи пиряхҳо барои муттаҳид намудани талошҳо бобати таъмини устувории ҷомеаҳо ва иқтисодиёти аз обшавии босуръати пиряхҳо осебдида таъкид намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






