Соҳибкорону сокинони ноҳияи Восеъ роҳҳои байни деҳаҳоро мумфарш менамоянд

Сентябрь 11, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 11.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва саҳми фаъолонаи соҳибкорону сокинон беш аз 8 километр роҳи байни деҳаҳо мумфарш ва чароғон гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ иттилоъ доданд, дар Ҷамоати деҳоти Кадучии ноҳия дар айни замон бо ҷалби техникаҳои роҳсозӣ ва мутахассисону сокинон тахту ҳамворкунӣ, сангфаршкунӣ ва насби обравҳо дар канори роҳ идома дорад. Роҳи мазкур бо дарозии беш аз 300 метр ва паҳноии 6 метр бунёд мегардад, ки равуои сокинони ин мавзеъро дар ҳама фасли сол осон мекунад.

Инчунин аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ иншооти хизматрасонӣ ва толори варзишии ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза бунёд карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бунёди 408 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта, то имрӯз 220 адади он ба истифода дода шудааст. Иншооти нақшавӣ асосан  самтҳои маориф, тандурустӣ, саноат, варзиш, сайёҳӣ, хизматрасонию савдо ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳимро фаро мегирад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ

Сентябрь 11, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд