Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 12.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тақсими шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид, оғоз ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар медиҳад.
Ин иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат, «эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад».
Китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ яке аз асарҳои безаволи адабиёти тоҷику форс буда, арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷикро инъикос менамояд.
Туҳфаи ин китоб аз ҷониби Сарвари давлат ба ҳар хонавода иқдоми арзишманди арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллати бостонӣ ва тамаддунофари тоҷик буда, ба таҳкими худшиносии миллии ҳар оила таъсир мерасонад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






