Сокинони Рашт ба густариш бахшидани худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ даъват карда шуданд

Сентябрь 17, 2025 13:00

РАШТ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рашт бо фаъолону сокинон оид ба ватандӯстию ватанпарварӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.

Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки саҳми Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким бахшидани сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа хеле назаррас мебошад. Роҳбари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки фаъолият дар самти густариш бахшидани худшиносию худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарварии мардум, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон бояд тақвият бахшида шавад.

«Мо ҳама дар якҷоягӣ бояд барои пойдории сулҳу субот талош намоем ва бобати боз ҳам пешрафта шудани сарзамини аҷдодиамон содиқона кору зиндагӣ намоем. Зарур аст, ки зери сиёсати Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ин сарзамин ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум беш аз беш заҳмату талош намоем», — иброз гардид дар вохӯрӣ.

Дар ҳамоиш як зумра фаъолону собиқадорон бо Сипосномаю туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ноҳияи Рашт қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Сентябрь 17, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад