СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Ашт шумораи корхонаҳои саноатӣ меафзояд

Сентябрь 9, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 09.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ноҳияи Ашт аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комплекси агросаноатии Ашт» корхонаҳои дӯзандагӣ, ҷӯроббарорӣ ва истеҳсоли зарфҳои пластикӣ фаъолият доранд. 

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар корхона зарфҳои пластикӣ барои содироти гелос ва хушк намудани зардолу истеҳсол шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 2500 адад мебошад. Ин корхона бо технологияи муосири чинӣ муҷаҳҳаз буда, маҳсулоти он воридотивазкунанда аст.

Дар корхонаи дӯзандагӣ низ занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ба дӯхтани либос машғул мебошанд. Истеҳсолот бо истифода аз матоъҳои хушсифат амалӣ мегардад.

Корхонаи ҷӯроббарорӣ, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, дар як шабонарӯз 10 ҳазор ҷуфт ҷӯроб истеҳсол намуда, 50 нафар сокинонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст.

Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакат ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб меравад. Рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид гузошта, нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд. Истеҳсолоти саноатӣ назар ба дигар соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла кишоварзӣ тадриҷан рушд намуда, саҳми он дар таъмини шуғли аҳолӣ, содироти маҳсулот, афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва дар маҷмуъ рушди иқтисодии мамлакат назаррас аст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Сентябрь 9, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд