Таҳкими ҳамкории гумрукӣ дар ҷаласаи коршиносони Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баррасӣ гардид

Сентябрь 25, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 25.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар шаҳри Душанбе ҷаласаи коршиносони Шурои роҳбарони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои гуногуни марбут ба такмили ҳамкории гумрукӣ ва равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳод баррасӣ  гардиданд.

Коршиносон иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои қаблӣ, таҳияи ҳисоботи фаъолияти Шуро барои соли 2025 ва лоиҳаҳои нақшаи фаъолият барои соли 2026-ро муҳокима карданд. Ба масъалаҳои ташкили

назорати гумрукӣ, идоракунии хатарҳо, ҳамкории воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ, навсозии Низомномаи Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи хадамоти гумрукӣ, инчунин мувофиқсозии номзадҳо ба мансабҳои роҳбарӣ, аз ҷумла директори гурӯҳи минтақавии иртибот оид ба ҳамкории ҳифзи ҳуқуқи Созмони ҷаҳонии гумрук (WCO) (RILO-Москва) таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Инчунин масъалаҳои амалии марбут ба таснифоти молҳои алоҳида, ташкили боркашонии контейнерӣ ва мултимодалӣ муҳокима карда шуданд.

Коршиносон ҳамчунин чорабиниҳои омодагӣ ба ҷаласаи 82-юми Шурои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки соли 2026 баргузор мешавад, муайян намуданд.

Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе вохӯрии муштараки коршиносони хадамоти гумруки кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба  ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук баррасӣ гардиданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 25, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд