Таҳкими робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар бахшҳои иқтисодӣ баррасӣ шуд

Сентябрь 17, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Сафири навтаъйини Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Кейко Фурута мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо оид ба масоили асосии ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия.

Дар вохӯрӣ ба таҳкими робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон,  бахусус дар заминаи ҳамкории молиявию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Ҳамзамон зарурати густариши ҳамкории мустақим байни вазоратҳои молияи ҳарду давлат таъкид шуд.

Дар мулоқот инчунин имконияти мавҷуда барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ баррасӣ карда шуд. Аз ҷумла, ҳамсуҳбатон масъалаҳои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ, мусоидат ба рушди бахши хусусӣ ва беҳсозии иқтидори молиявиро муҳокима намуданд.

Вазири молияи Тоҷикистон барои таҳкими робитаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон изҳор омодагӣ намуд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»