Тараннуми дӯстию рафоқат ва мақоми инсон дар ҷомеа дар маркази афкори эҷодии Ҳофизи Шерозӣ қарор дорад
ДУШАНБЕ, 24.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 700-солагии бузургтарин шоири ғазалсарои тоҷик Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи маънавӣ ва маърифатии осори Ҳофизи Шерозӣ дар фарҳангу забон ва адабиёти ҷаҳон» конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд.
Пеш аз оғози конференсия иштирокдорон намоиши нусхаҳои хаттии девони Ҳофизро, ки аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил карда шуд, тамошо намуданд.
Дар конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки «дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, ки аз бузургтарин шоирони ғазалсарои адабиёти тоҷик ба шумор меравад, барои муаррифии ин шоири ширинсухани дорои афкори баланди адабию эстетикӣ басе муҳим арзёбӣ мегардад».
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ аз ҷониби ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо иштироки муҳаққиқони зиёда аз 80 давлатии олам зери унвони «700 сол бо Ҳофиз» дар сатҳи баланди илмӣ ҷашн гирифта шуд. Дар ин ҳамоиши бузурги илмии байналмилалӣ ҳофизшиносону муҳаққиқони сухани ноби шоир аз Академияи миллии илмҳо иштироку суханронӣ намуданд. Ҳамзамон нусхаҳои девони шоир, ки дар Маркази мероси хаттии академия маҳфузанд, ба намоиш гузошта шуданд.
«Тасмим гирифта шуд, ки 700-солагии шоири тавоно ва суханвари оламшумул – Ҳофизи Шерозӣ дар диёре, ки мардумаш ба шеъру сухани ӯ эҳтиром гузошта, китобашро дар радифи китобҳои осмонӣ муқаддас шуморида, рӯзу рӯзгори босаодати худро аз баракати қироати шеъри ӯ ҷустуҷӯ мекунанд, таҷлил карда шавад»,-гуфт Қобилҷон Хушвахтзода.
Иброз гардид, ки кормандони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон «Девон»-и шоирро вобаста ба таҷлили ҷашни 700-солагии Ҳофиз дар асоси нодиртарин ва қадимитарин нусхаи девони ӯ, ки дар Мовароуннаҳр хаттотӣ шудааст, баргардон ва пешкаши хонандагон гардониданд, ки ин беҳтарин армуғон дар гиромидошти шоир ба шумор меравад. Ҳамин нусха бо дастгирии Бунёди Рӯдакӣ ва донишманди муҳтарам Миршоҳӣ дар Эрон низ нашр шудааст.
Таъкид шуд, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки конференсияи имрӯза маҳз бо ибтикору ҳидоятҳояшон баргузор шуд, Ҳофизи Шерозиро аз бузургтарин суханвари асри 14 ва аз маъруфтарин адибони тоҷик номидаанд.
Дар ҳамоиш намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли илму маърифат ва донишмандону суханшиносони дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ оид ба рӯзгор ва афкори адабии Ҳофизи Шерозӣ маърузаҳо пешниҳод ва ибрози назару андеша намуданд.
Иброз гардид, ки тараннуми дӯстию рафоқат ва мақоми инсон дар ҷомеа дар маркази афкори эҷодии ин шоири волосухан қарор дорад. Адибону олимон ва мутарҷимони Аврупо ҳанӯз дар асри 19 ба девони Ҳофизи Шерозӣ таваҷҷуҳ намуда, онро ба забонҳои гуногун тарҷума кардаанд.
Дар илми суханшиносии ҷаҳонӣ мактабҳои бузурги таҳқиқотӣ, шарҳу тафсирнависӣ ба ғазалиёти Ҳофиз, хаттотии девони шоир, тарҷума ва ба оҳанг даровардану сурудани ғазалиёти ӯ давоми ҳафтсад сол бунёду рушд менамоянд. Ин раванд далели шукуҳу шаҳомати забону адабиёт, фарҳанги мардуми ориётабор, афроди суханвару ҳикматофар ва тарбиягари насли инсонӣ будани мардуми тоҷик дар рӯйи ҷаҳон аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд






