Татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳукумати электронӣ ва таҳияи платформаҳои рақамӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми БРИКС оид ба шарикӣ дар самти «интиқоли саноати ҷадид» директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо губернатори вилояти Футзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжао Лун мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар самти рушди технологияҳои рақамӣ ва ҷалби сармоя ба бахшҳои инноватсионӣ баррасӣ карда шуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон ҳамзамон татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳукумати электронӣ ва таҳияи платформаҳои рақамӣ барои соҳаҳои муҳими иқтисодиро муҳокима намуданд.
Барои истифодаи таҷрибаи муосири вилояти Футзян дар соҳаи паркҳои технологии баланд, инфрасохтори абрӣ, марказҳои додаҳо ва табодули таҷриба вобаста ба омода намудани мутахассисони касбӣ пешниҳодҳо манзур гардиданд.
Ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории судманд дар доираи иқтисодиёти рақамӣ ва шарикии стратегӣ байни Тоҷикистону Чин изҳори омодагӣ намуданд.
Мусоҳибон барои пайгирии масъалаҳои баррасишуда ва андешидани тадбирҳои амалӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






