Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Швейтсария дар доираи лоиҳаи «Blue Peace Central Asia» баррасӣ шуд

Сентябрь 17, 2025 18:45

ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об дар доираи лоиҳаи «Blue Peace Central Asia» дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва роҳбари лоиҳаи «Blue Peace Central Asia» дар Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Вазири энергетика ва захираҳои об аз дастгирии Швейтсария дар пешбурди ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши лоиҳаи «Blue Peace Central Asia»-ро дар таҳкими муколамаи об байни кишварҳои минтақа муҳим арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ, ҷалби таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва мусоидат ба амалӣ гардидани ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об изҳори омодагӣ намуданд, хабар медиҳад манбаъ.

 АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2025 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид