Тоҷикистон ислоҳоти муассир ва одилонаи воситаҳои молиявии байналмилалиро ҷонибдорӣ менамояд

Сентябрь 24, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 24.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» бо Ҳадафҳои Рушди Устувор комилан ҳамсадо аст ва мо ҷонибдори татбиқи пурра ва саривақтии ин банди рӯзномаи ҷаҳонӣ мебошем. Мутаассифона, давлатҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан кишварҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ дар роҳи дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ба душвориҳо ва мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мебошанд. Чунин изҳори назар  намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид.

Ба таъкиди Роҳбари давлат, онҳо, бахусус кишварҳои осебпазир зарурати андешидани тадбирҳои ҷиддиро барои таъмини маблағгузории рушди устувор ва беҳтар намудани дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ эҳсос менамоянд.

«Бо вуҷуди талошҳои дастҷамъона дар ин ҷода ҳаҷми маблағгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рушди устувор ҳамоно талаботи мавҷударо қонеъ карда наметавонад. Чунин ҳолат вокуниши саривақтӣ, ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ ва бознигарии равишҳоро вобаста ба низоми байналмилалии молиявӣ тақозо менамояд»,-иброз намуданд Пешвои миллат.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ислоҳоти муассир ва одилонаи воситаҳои молиявии байналмилалиро ҷонибдорӣ менамояд.

Президенти Тоҷикистон иброз  доштанд, ки дар марҳалаи кунунӣ мо шоҳиди сатҳи нобаробари рушди иқтисодии давлатҳо мебошем. Дар амалияи рафъи ин ҳолат нақши кишварҳои мутараққӣ ва сохторҳои байналмилалии молиявӣ метавонад муассир бошад.

«Бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққии осебпазир ҳамоно зери таъсири пайомадҳои буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, камбизоатӣ, бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла КОВИД, офатҳои табиӣ ва ноамнии озуқаворӣ қарор доранд. Онҳо ба андешидани тадбирҳои муассир дар самти дастгирии молиявӣ, аз ҷумла соқит кардани қарзҳо ниёз доранд. Аз нигоҳи мо имрӯз вақти он расидааст, ки сари ин мавзуи умда ҷиддан фикр намоем», — баён доштанд Сарвари давлат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 24, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад