Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилии асъор ҳамкориро дар самтҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш медиҳанд

Сентябрь 17, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 17.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи доимии Хазинаи байналмилии асъор (ХБА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Ҷонибҳо барои ҳамкорӣ дар самтҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми дурнамосозӣ, расмикунонии иқтисоди пинҳонӣ, ҳамзамон татбиқи ислоҳоти сохторӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Иброз гардид, ки дар натиҷаи вохӯриҳои сатҳи баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори идоракунандаи Хазинаи байналмилии асъор Кристалина Георгиева муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи баланд баромаданд.

Новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ давоми панҷ соли охир рушди миёнаи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар мамлакат зиёда аз 8 фоизро ташкил намуд. Ҳаҷми номиналии он соли 2025 тибқи баҳодиҳӣ ба 173,4 миллиард сомонӣ баробар мегардад, ки нисбат ба соли 2020  2 маротиба зиёд мебошад.

Инчунин тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2025 рушди иқтисоди миллӣ дар солҳои 2026, 2027 ва 2028 мутаносибан дар сатҳи 8,5, 8,3 ва 8,6-фоизӣ пешбинӣ гардидааст.

Бо назардошти тамоюли рушди иқтисоди миллӣ имсол Хазинаи байналмилии асъор суръати рушди иқтисоди миллии мамлакатро дар соли 2025 бозбинӣ карда, дар сатҳи 7 фоиз баҳо дод.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд