Тоҷикистон ва ИМА ҳамкориро дар самти тиҷораткунонии ихтироот тақвият мебахшанд

Сентябрь 20, 2025 10:10

ДУШАНБЕ, 20.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. 19 сентябр директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода бо намояндагони Барномаи рушди ҳуқуқии тиҷоратии Вазорати савдои Иёлоти Муттаҳидаи Америка (CLDP) таҳти раёсати сарҳуқуқшиноси (CLDP) Джеймс Филпи вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои дуҷониба дар самти тиҷораткунонии ихтироот, интиқоли технологияҳо ва бозомӯзии мутухассисонро баррасӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкорӣ  дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон аз омилҳои муҳим дар рушди низоми инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Тарафайн аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судманд дар доираи барномаи (CLDP) изҳор доштанд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2025 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад