ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тақдими китоби «Шоҳнома» ба беш аз 48 ҳазор оилаи шаҳри Ҳисор оғоз шуд

Сентябрь 10, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 10.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 48 ҳазору 651  оилаи шаҳри Ҳисор китоби «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ тақдим мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сармутахассиси Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедҷон Ҳоҷиев иброз намуд, дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ чоп гардида, ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.

Умедҷон Ҳоҷиев афзуд, ки ин иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат  дар байни аҳли ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намудааст ва ҳар  сокини мамлакат  ин туҳфаи Сарвари давлатро бо хушнудӣ қабул менамояд. Ин  иқдоми наҷиб дар саҳифаҳои таърихи миллату сарзамин бо ҳарфҳои заррин ҷовидона ба ёдгор хоҳад монд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон  доир ба мақому манзалати китоб дар сарнавишти инсон изҳор намуданд, ки «китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии  ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал    медиҳад,  доираи  андешаву  тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Сентябрь 10, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид