Вакили Маҷлиси намояндагон дар Форуми байналмилалии вакилони парлумонҳои кишварҳои дӯст иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 15.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Ғоибназарзода дар Форуми байналмилалии вакилони парлумонҳои кишварҳои дӯст иштирок намуда, оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд сухан гуфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Форум бо ташаббуси Ҷамъияти мардумии «Дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ»-и Чин 10 сентябр оғоз гардида, то 17 сентябр идома меёбад. Дар он вакилони парлумонҳои кишварҳои дӯст дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди инфрасохторӣ, амнияти экологӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ табодули таҷриба менамоянд.
Саид Ғоибназарзода дар қисмати пленарӣ ва бахшҳои канории форум оид ба дастовардҳои ҷониби Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти обу иқлим, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ибрози андеша намуд.
Дар форум 59 нафар вакили парлумон аз 45 давлати ҷаҳон иштирок доранд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон











Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон






