Вакилони Маҷлиси намояндагон дар Комиссияи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба иқтисод ва рушди устувор иштирок намуданд

Сентябрь 17, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 17.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Комисссияи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба иқтисод ва рушди устувор иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Ҷаласаи Комисссияи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё оид ба иқтисод ва рушди устувор дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн 13 сентябр оғоз гардид.

Дар  ҷаласа масъалаҳо оид ба баррасии лоиҳаҳои Қатънома дар бораи таъсиси бозори энергетикии Осиё, ҳифзи муҳити зист, масъалаҳои молиявӣ, таъмини босубот барои рушди иқтисодӣ,  дар бораи решакан кардани камбизоатӣ, дар бораи нақши парлумонҳои Ассамблеяи парлумонии Осиё дар дастгирии татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, об ва санитария барои ҳама дар Осиё ва ташаббуси молиявии иқлим дар Осиё  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷаласа   дар бораи таъсиси бозори энергетикии Осиё ва масъалаҳои ҳифзи муҳити зист  сухан гуфтанд.

Оид ба масъалаҳои баррасишуда  қарорҳои дахлдор қабул  гардиданд.

Кори ҷаласа имрӯз анҷом меёбад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад