Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Сеул аз татбиқи тарҳҳои гуногун дар соҳаи нақлиёт бо Корея ёдовар шуд

Сентябрь 16, 2025 17:15

ДУШАНБЕ, 16.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз дар шаҳри Сеул дар Конфронси ҳамкории ҷаҳонии зерсохторӣ 2025 (Global Infrastructure Cooperation Conference 2025) сухан гуфт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни суханронӣ аз татбиқи тарҳҳои гуногун дар соҳаи нақлиёт дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Корея ёдовар шуд.

Ҳамзамон барои ба роҳ мондани лоиҳаҳои бештари зерсохторӣ тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судмандро бо ниҳодҳои марбутаи Ҷумҳурии Корея, аз қабили Роҳи оҳани миллии Корея, Бонки содироту воридоти Корея «Эксимбонк» ва Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) таъкид намуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 16, 2025 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид