Ягона роҳи пешгирии бемории сурхча ва гулафшон иммунизатсия мебошад
ДУШАНБЕ, 03.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 25 август дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардиданд, ки то 6 сентябр идома меёбанд. Иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон байни кӯдакони аз 6-моҳа то 5-сола (яъне 4 солаю 11 моҳаю 29 рӯза, кӯдаконе, ки аз 6 сентябри соли 2020 то 6 марти соли 2025 таваллуд шудаанд) гузаронида мешавад. АМИТ «Ховар» шарҳи табибонро доир ба пешгирӣ ва аҳамияти иммунизатсия пешниҳод менамояд.
Бемории сурхча чӣ гуна сироят мекунад?
Сурхча ба гурӯҳи бемориҳои хавфноки сироятӣ дохил шуда, сабаби фавти зиёди кӯдакон ва ташвиши табибони ҷаҳон гардидааст. Барангезандаи ин беморӣ вирусе мебошад, ки қобилияти тавонои сирояткунӣ дорад.
Ҳангоми гирифтор шудан ба бемории сурхакон ҳарорат баланд шуда, зуком ва сулфа ба вуҷуд меояд ва дар пӯст доначаҳо ба мушоҳида мерасанд. Ангезандаи сурхакон вирус буда, он тавассути қатраҳои балғам, оби даҳон ва луоби бемор ҳангоми сулфа, атса ва гуфтугӯ ба ҳаво паҳн мегардад. Вирусҳоро одамони солим нафас гирифта, бемор мешаванд. Ба сурхакон одамони синнашон гуногун (бештар кӯдакони аз 2 то 10-сола) сироят меёбанд. Одамони калонсол камтар бемор мешаванд. Беморон ду шабонарӯз пеш аз дамидани доначаҳо, ҳамчунин баъди нест шудани тамоми нишонаҳои беморӣ (то 2 ҳафта ва зиёдтар) низ барои дигарон сироятнок мебошанд.
Дар ҳолати ба сурхакон гирифтор шудани занҳои ҳомила сирояти беморӣ ба ҷанин низ таҳдид мекунад. Соли 1941 духтури австралиягӣ Грегг муайян намуд, ки ба сурхакон гирифтор шудани занҳои ҳомила аксар вақт боиси нуқси модарзодии кӯдакон мегардад. Сурхакон махсусан дар семоҳаи аввали ҳомиладорӣ хавфнок аст.
Барои пешгирии сурхакон кӯдакони беморро сари вақт аз дигар бачагона ҷудо нигоҳ медоранд. Занҳои ҳомила бояд худро аз беморони сурхакон канор гиранд. Шахсоне, ки беморони гирифтори сурхаконро нигоҳубин мекунанд, барои маслиҳат бояд ҳатман ба табиби сироятшинос муроҷиат намоянд.
Кадом қишри ҷомеа ба бемории гулафшон гирифтор мешавад?
Гулафшон бемории шадиди сирояткунанда буда, дар пӯсти бадани бемор доғҳои сурх пайдо мешаванд. Он бо роҳи нафаскашӣ, атсазанӣ ва сулфа ба одамони дигар мегузарад. Ҳарчанд бачагони хурдсол бемории гулафшонро хеле сабук мегузаронанд, онҳо дар давраи беморӣ манбаи паҳншавӣ ва барангезандаи он буда метавонанд.
Бемории гулафшон хусусан барои занони ҳомила хавфи ҷиддӣ дорад, зеро вируси барангезандаи гулафшон метавонад ба тамоми узвҳои ҷанин зарари калон расонад. Зани ҳомиладори сироятёфта мумкин аст тифли нобино, ношунаво ва дорои нуқсони дил таваллуд кунад.
Ягона роҳи пешгирии бемории сурхча ва гулафшон- ин иммунизатсия ба воситаи гузаронидани ваксина бар зидди ин беморӣ мебошад. Ваксинае, ки дар Тоҷикистон истифода бурда мешавад, ваксинаи комплексӣ буда, бар зидди ҳам бемории сурхча ва ҳам гулафшон равона карда шудааст.
Дар ҷумҳурӣ мувофиқи тақвими миллӣ иммунизатсия бар зидди бемории сурхча 2 маротиба гузаронида мешавад: вояи якум дар яксолагии кӯдакон ва вояи дуюм такроран дар 6-солагӣ. Барои пайдо шудани масунияти пурра бар зидди ин беморӣ кӯдакон ҳатман бояд ду вояи ваксинаро қабул кунанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
Соли 2030 дар ҳудуди Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
БОЙГОНӢ — ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи байналмилалии бойгонӣ бахшида мешавад






