ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Оё муассисаҳои маорифи шаҳри Душанбе ба давраи тирамоҳу зимистон омодаанд?

Сентябрь 25, 2025 14:39

ДУШАНБЕ, 25.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» чӣ гуна тадбир андешида мешавад? Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе посух доданд.

Аз мавсими гузашта дар анбори муассисаҳои таълимӣ 166,7 тонна ангишт, 398,9 метри мураббаъ ҳезум ва 3516 литр сӯзишворӣ боқӣ монда, барои истифода дар мавсими нав дар анбори муассисаҳои таълимӣ нигоҳ дода шуд. Дар ин давра 104 тонна ангишт, 74 метри мураббаъ ҳезум ва 609 литр сӯзишворӣ харид ва захира карда шудааст.

Бояд гуфт, ки соли 2025 аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимии буҷетӣ дар шаш моҳи аввали соли 2025 ба маблағи 61 миллиону 566 ҳазору 828 сомонӣ корҳои омодагӣ ва таъмири ҷории иншооти соҳа ба анҷом расонида шуда, ин иқдом идома дорад.

Аз ҷумла, дар ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи 21 миллиону 895 ҳазору 34 сомонӣ, ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба маблағи 10 миллиону 734 ҳазору 87 сомонӣ, ноҳияи Сино ба маблағи 9 миллиону 34 ҳазору 536 сомонӣ, ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи 9 миллиону 676 ҳазору 939 сомонӣ ва дар муассисаҳои зертобеъ ба маблағи 10 миллиону 166 ҳазору 232  сомонӣ  таъмиру тармими бино ва иншооти муассисаҳои таълимиро ба анҷом расонидаанд.

Дар айни замон дар пойтахт 53 муассисаи таълимӣ, новобаста аз шакли ҳуқуқию ташкилӣ бо 61 дегхона- аз ин 30 адад ангиштӣ ва 31 адад барқӣ таъмин буда, дар ҳолати корӣ қарор доранд. Барои фаъолияти ин дегхонаҳо соли 2025 маблағ барои нигоҳдорӣ, хароҷоти неруи барқ ва маводи сӯзишворӣ пешбинӣ карда шудааст.

Ба ҳолати имрӯза 490,5, тонна ангишт, 706,9  метри мураббаъ ҳезум ва 5255 литр сӯзишвории дизелӣ дар анбори муассисаҳои таълимӣ мавҷуд буда, хариди минбаъда идома дорад.

Инчунин барои омода намудани системаи гармидиҳии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута оғоз шуд. То охири моҳи сентябри соли 2025 тамоми системаи дохилии (элеватори) иншооти соҳа аз санҷиши техникию гидравликӣ гузаронида шуда, бо шиносномаи пайвастшавӣ таъмин карда хоҳанд шуд.

Шумораи иншооти ба шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе пайвастшаванда бо Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» мувофиқа карда шуда, тамоми иншооти соҳа аз санҷиши гидравликӣ -техникӣ гузаронида, ба хати асосии гармидиҳӣ пайваст карда мешаванд. Мавсими имсола бе назардошти иншооти иловагӣ 211 иншоотро ташкил медиҳад, ки нисбат ба мавсими гузашта 5 адад зиёд аст. Бо назардошти иншооти нав, ки дар оғози соли нави таҳсили 2025-2026 ба истифода додани он ба нақша гирифта шудааст, шумораи муассисаҳои ба шабакаҳои гармидиҳӣ ва дегхонаҳо пайвастшаванда тағйир меёбад. Вобаста ба ин дар маълумоти оянда ҳисобот пешниҳод карда мешавад.

Тибқи нақшаи пайвастшавӣ, дар мавсими имсола 98 иншооти муассисаи томактабӣ, 107 иншооти муассисаи таълимӣ ва 6 иншоот, аз қабили биноҳои марказҳои таҳсилоти иловагӣ, шуъбаҳои маориф ва хобгоҳ барои қабули неруи гармӣ пешбинӣ шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади сарфаи энергияи барқ муассисаҳои таълимии пойтахт бо ҳисобкунакҳои барқӣ таъмин буда, инчунин синфхона, роҳрав, гурӯҳҳо, утоқҳои корӣ ва дигар биноҳои ёрирасон бо лампаҳои каммасраф  таъмин карда мешаванд. Масъалаи истифодаи мақсадноку самараноки неруи барқ таҳти назорати доимии мақомоти дахлдор, роҳбарону муассисаҳои таълимӣ ва ситод қарор дорад.

Ҳамзамон барқияи ҳукуматӣ аз 28 апрели соли 2025 барои пешгирии талафот ва дуздии неруи барқ таҳти назорати мақоми ваколатдори соҳа ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ қарор дорад. Дар  ноҳияҳои пойтахт гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуда, фаъолияти муассисаҳои таълимиро назорат мекунанд.

Тибқи талабот ва меъёрҳои муқарраргардида, нақшаи таъмин намудани муассисаҳои соҳаи маорифи пойтахт бо ангишту ҳезум, сӯзишвории дизелӣ ва маводи хӯрокворӣ таҳти назорат қарор дода шуда, иҷрои он таъмин карда мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 25, 2025 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд