126 ҳазор нусха китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба сокинони ноҳияи Рӯдакӣ тақдим мегардад
РӮДАКӢ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ- «Шоҳнома» аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба сокинон тақдим мегардад. Ин асари бебаҳо ба собиқадорони Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ин ноҳия, аз ҷумла ба нависанда Кароматулло Мирзо, собиқадор Эмомалӣ Забиров, деҳқони асил Ҳаитмаҳмад Каримов тақдим гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои масъулин, ба ноҳия 126 ҳазор нусха китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ворид гардидааст. Имрӯзҳо аъзои гурӯҳи корӣ китоби мазкурро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба ҳар хонавода тақдим доранд. Ин иқдом ба баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, огоҳӣ аз таърихи гузаштаи миллати тоҷик ва дарки дурусти таърих аз ҷониби шаҳрвандон нигаронида шудааст.
Бояд гуфт, ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ яке аз асарҳои безаволи адабиёти тоҷик буда, арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷикро инъикос менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки мутолиаи чунин китобҳо барои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти калон дорад. Аз ҷониби Сарвари давлат туҳфа гардидани ин китоб ба ҳар хонавода иқдоми арзишманд, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллати бостонӣ ва тамаддунофари тоҷик буда, ба таҳкими худшиносии миллии ҳар оила ва ҳар сокини ноҳия таъсири амиқ мерасонад.
Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ин туҳфаи арзишмандро бо шодмонӣ ва ҳисси хушҳолӣ пазируфта, ба Пешвои миллат миннатдории самимӣ баён намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад






