26 ОКТЯБР-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Онҳо дар таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим доранд

Октябрь 26, 2025 08:40

ДУШАНБЕ, 26.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2018 инҷониб дар Тоҷикистон 26 октябр Рӯзи кормандони мақомоти судӣ маҳсуб мешавад.

— Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияти он ба таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат равона карда шудааст. Бо иҷрои ин рисолати муҳиму муқаддас мақомоти судӣ барои пешрафти ҷомеа ва густариши равандҳои демократӣ ва устувории истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим мебозад. Фаъолияти босамари ҳокимияти судӣ барои пешрафти ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон хеле муҳим буда, эътимоду эҳтироми шаҳрвандонро нисбат ба давлат ва қонун таҳким мебахшад.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ — бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид.

Бо ташаббус ва роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Комиссияи конститутсионӣ 6 ноябри соли 1994 бори аввал ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ  Конститутсияи Тоҷикистон қабул гардид.

Баъд аз қабули Конститутсия ба такмили бомароми низоми судии мамлакат суръати тоза бахшида шуд. Бо назардошти он ки дар давлати демократӣ ҳокимияти судии мустақили беғараз дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ нақши асосӣ дорад, ба ташаккули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ заминаи боэътимод  гузошта  шуд.

Аввалин маротиба дар таърихи сиёсии мамлакат дар сатҳи конститутсионӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд. Дар ҳамин радиф ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, аз ҷиҳати тарзи ташкилию сифатӣ ва миқдорӣ ниҳодҳои баамалбарории адолати судӣ инкишоф ёфт ва бори аввал дар низоми судии мамлакат — Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуданд.

Соли 1995 дар мамлакат якчанд қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти судии мамлакатро таҳти танзим қарор медоданд ва таҳияи онҳоро худи Конститутсия пешбинӣ намуда буд, қабул гардиданд. Инҳо қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи сохтори судҳо» буданд. Сипас бо мақсади танзими якхелаи фаъолияти мақомоти судӣ қонунҳои мазкур такмил дода шуда, 6 августи соли 2001 дар як Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муттаҳид шуда, аз ҷониби Маҷлиси Олӣ қабул гардид.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши мақомоти судӣ барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд ва 14 апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияи ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонида шуд.

26 сентябри соли 1999 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид  карда шуданд, ки онҳо дар рушду такомули давлату давлатдории миллӣ такони ҷиддӣ гардиданд.

Бори дуюм — 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар бар гирифта, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намуданд.

Бори сеюм 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи  Тоҷикистон тағйиру иловаҳои навбатӣ ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳои охирини ба Конститутсия воридшуда ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риоя ва ҳифзи онҳо мусоидат намуда, ба мақомоти судии мамлакат  низ дахл доранд.

Дар ин замина метавон гуфт, ки меъёрҳои Конститутсия кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошанд.

Ҳамин аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши мақомоти судӣ барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

5 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ иброз дошданд, ки «Конститутсия ва қонунҳо танҳо ба суд ваколат додаанд, ки инсонро аз озодӣ маҳрум созад, гунаҳгорӣ ва бегуноҳии шахсро муқаррар намояд, ҳаёт, қадру номус, моликият ва дигар ҳуқуқҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро ҳифз карда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро таъмин намояд».

Тавре  Сарвари давлат таъкид намуданд, мақомоти судӣ  вазифадор мебошанд, ки корҳои таъсирбахши пешгирикунандаро мунтазам амалӣ намуда, мақомотро аз шахсони тасодуфӣ, ки ба шаъну эътибори мақомоти судӣ иснод меоваранд, тоза намоянд.

Бояд гуфт, ки ҷомеаи имрӯза аз ҳар корманди мақомоти давлатӣ, бахусус, аз судҳо ва кормандони судҳо риояву иҷрои ҳатмии қонунҳо, маърифату дониш ва сатҳи баланди касбият, инчунин одобу ахлоқи намунавӣ, беғаразӣ ва поквиҷдонӣ талаб менамояд.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули ҳокимияти судӣ, ки пояи устувори марказии давлатдории демократӣ маҳсуб мешавад, мусоидат намуд. Дар заминаи он ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ гузаронида шуда, то имрӯз вазъи таъмини ташкилӣ, молиявӣ ва моддию техникии судҳо ба таври назаррас беҳтар гардид. Тавассути мукаммал гардидани якчанд санади меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ нақши ҳокимияти судӣ дар баамалбарории адолати судӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ боз ҳам муассир гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 26, 2025 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон табдил меёбад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Аз заъфарон беш аз 300 номгӯй дору омода карда мешавад
Дар Душанбе оид ба риояи дурусти қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми заминларза корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Чаро имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли асал кам гардидааст?
Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии ноҳияи Восеъ аз рӯи 5 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
24 ОКТЯБР — РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Нақши он дар ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон назаррас аст
Дар ноҳияи Шоҳмансур вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар маркази ноҳияи Данғара бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна ба нақша гирифта шудааст
Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир карда шуд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Дар шаҳри Омск Форуми 5-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт