35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд инфрасохтори муҳими коммуналӣ навсозӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 18.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд корҳои навсозӣ ва сохтмони инфрасохтори муҳими коммуналӣ идома доранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, сохтмони шабака ва пойгоҳи партовоббардории соҳили рости шаҳри Хуҷанд оғоз мегардад.
Ин лоиҳа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ мегардад. Мутобиқи нақша, тамоми хати ташноб дар соҳили рости шаҳр ба масофаи 11 километр пурра навсозӣ хоҳад шуд. Барои ин лӯлаҳои қутрашон аз 800 то 1200-миллиметра насб мегарданд. Иваз намудани қубурҳои кӯҳна бо қубурҳои нави ҳаҷман калон ва устувор имкон медиҳад, ки шабакаи ташноб ба талаботи афзояндаи аҳолӣ ҷавобгӯ бошад.
Дар баробари навсозии хати ташноб дар шаҳри Хуҷанд татбиқи лоиҳаҳои муҳими дигар низ ба роҳ монда шудааст, ки ҳадаф аз он беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ мебошад. Таввасути лоиҳаи «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд» оби нӯшокӣ тавассути қубур ба дарозии беш аз 17 ҳазору 560 метр ба маҳаллаҳои навбунёди 1 ва 3-юми шаҳри Хуҷанд интиқол дода мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






