4 ОКТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст

Октябрь 4, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 04.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳайвонот муқаррар гардидааст. Ҳадафи асосии ин санаи экологӣ ҷалби башарият ба ҳифз, нигаҳдорӣ, наҷоти олами ҳайвонот ва ҳифзи гуногунии намуди онҳо мебошад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Олами гуногунии биологии Тоҷикистон хеле ғанӣ ва нотакрор мебошад. Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст. Бештари онҳо дар экосистемаҳои кӯҳӣ сукунат менамоянд. Дар мавзеъҳои водию пешкӯҳҳо, дарёҳо, заминҳои кишоварзии назди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намудҳое паҳн гардидаанд, ки бо аҳолӣ зич ҳаёт мебаранд. Аз мониторинги солҳои охир бармеояд, ки дар зери таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ баъзе намудҳои олами ҳайвонот миқдоран кам шуда, ҳатто як қисми намудҳо зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд.

Олами ҳайвоноти Тоҷикистон хеле бой ва гуногунранг мебошад. Дар мамлакат 49 намуди моҳӣ, 2 намуди ҷонвари дубаҳра, 44 намуди ҳайвоноти хазанда, 10 ҳазор ҳайвони бемӯҳра, 85 намуди ҳайвоноти ширхор, ки дар байни онҳо ҳайвоноти нодире, чун гӯсфанди Марко Поло, бабри барфӣ, оҳуи хушзоти бухорӣ ва ғизол ҳастанд, зиндагӣ мекунанд. Намудҳои зиёди олами ҳайвонот ва рустаниҳои Тоҷикистон ба Китоби байналмилалии сурх ҳамчун навъҳои нодир ва ё аз байнрафтаистода, ки ҳифз ва таваҷҷуҳи махсус талаб менамоянд, ворид карда шудаанд. Аз намуди ҳайвонҳои нодир муфлон -гӯсфанди ёбоиро дучор омадан мумкин аст, ки муфлони тоҷикӣ (уриал) сарасли гӯсфандони хонагӣ ба шумор меравад.

Муҳофизати олами ҳайвонот яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ буда, шикори намудҳои нодир дар асоси қонун манъ карда шудааст. Усул, вақт ва ҷойи шикори ин ё он намудҳои ҳайвонро қонун муайян мекунад.

Дар Тоҷикистон мамнуъгоҳҳои Ромит, Бешаи палангон, Даштиҷум, Зоркӯл ва парваришгоҳҳо вуҷуд доранд. Дар ин мамнуъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо барои ҳифз ва зиёд намудани шумораи намудҳои нодири ҳайонот корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, моҳи августи соли 2023 дар ноҳияи Мурғоб дар майдони 10 гектар Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ ифтитоҳ гардид. Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ бо мақсади табобату офиятбахшии ҳайвонҳои нодири ноҳия, аз ҷумла бабри барфӣ сохта шудааст. Дар ин марказ ҳайвоноти нодир, ки дар ҳолатҳои гуногун захм бардошта ё ба бемориҳои дигар дучор шудаанд, табобат карда шуда, сипас ба табиат сар дода мешаванд.

Яке аз ҳадафҳои асосии бунёди Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ наслгирӣ ва зиёд намудани теъдоди бабри барфӣ дар табиати кӯҳӣ, пеш бурдани корҳои омӯзишӣ ва илмӣ бо ҷалби олимони дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.

Ноҳияи Мурғоб табиату иқлими хос ва ҳайвоноти нодире, чун бабри барфӣ, гӯсфанди Марко Поло ва дигар ҳайвоноти нодир дорад. Дар маҷмуъ, ҳифз ва нигоҳдории олами ҳайвонот ва беҳдошти муҳити зист рисолати ҳар инсони табиатдӯст мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 4, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд
Исломиддин Раҳмон: «Яке аз вазифаҳои олии стандартизатсия ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон мебошад»