Ҳайати Тоҷикистон бо муовини директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрӣ намуд

Октябрь 16, 2025 11:18

ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор дар дафтари марказии Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо муовини директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориро мусбат арзёбӣ намуда, раванди татбиқи муваффақонаи Барномаи воситаи ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) дар Тоҷикистон ва нақши онро дар рушди ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор таъкид карданд.

Ҷонибҳо аҳамияти идомаи ислоҳот, тақвияти рақамикунонии низоми молиявӣ, рушди иқтидор ва дастгирии техникии Хазинаи байналмилалии асъорро баррасӣ намуданд. Илова бар ин ҷониби Тоҷикистон оид ба масъалаи истифодаи механизми Фонди устуворӣ ва пойдорӣ (RSF) пешниҳод намуд, ки дар доираи он маблғгузории имтиёзнок ҷалб карда шавад.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти идоракунии молияи давлатӣ, беҳсозии муҳити сармоягузорӣ, густариши кумакҳои техникӣ ва инчунин баррасии имконияти гузариш ба барномаи молиявии Хазинаи байналмилалии асъорро дар оянда таъкид намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 16, 2025 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард