Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии VIII Форуми байналмилалии «Ҳафтаи энергетикии Русия» иштирок намуд

Октябрь 17, 2025 10:43

ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Москва  ҷаласаи пленарии VIII Форуми байналмилалии «Ҳафтаи энергетикии Русия» бо иштироки Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласаи пленарии VIII Форуми байналмилалии «Ҳафтаи энергетикии Русия»  дар радифи намояндагони беш 85 давлати  ҷаҳон, аз ҷумла ҳайатҳои расмӣ, роҳбарони ширкатҳои энергетикӣ, инчунин коршиносон ва намояндагони ҷомеаи илмӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иштирок  намуд.

Барномаи  кории форум беш аз 60 чорабинии  сатҳи канориро дар бар мегирад, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими марбут ба рушди энергетика ва дурнамои он баррасӣ мегарданд.

    АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 17, 2025 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард