Ҷаласаи Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сенати Олий Мажлиси Узбекистон доир шуд

Октябрь 1, 2025 10:26

ДУШАНБЕ, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр ҷаласаи онлайнии Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ хабар доданд.

Дар кори ҷаласа аъзои комиссия аз ҳарду ҷониб ва кормандони масъули дастгоҳҳои палатаҳои болоии ду давлат  иштирок намуданд.

Аъзои Комиссия доир ба вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон табодули афкор намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ рушди муносибатҳои ду давлатро дар самтҳои гуногун тақвият мебахшад.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 1, 2025 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид