Ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба Форуми «Dushanbe Invest – 2025» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи омодагӣ ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest – 2025» дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот 30 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа раванди иҷрои вазифаҳое, ки дар нақшаи чорабиниҳо пешбинӣ гардидаанд, муҳокима шуд.
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон ба масъулон барои вусъат додани корҳои омодагӣ, аз ҷумла тақвияти ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, ташкили қисми намоишӣ, ҷаласаҳо дар сатҳи баланд, ба имзо расонидани созишномаҳо, таъмини сатҳи баланди хизматрасонӣ ба меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ супоришҳои мушаххас дод.
Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest – 2025» аз 14 то 16 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе таҳти шиори «Сармоягузориҳои сабз — имконияти имрӯз барои устувории фардо» баргузор мегардад. Дар он ҳайатҳои баландпоя аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявию сармоягузорӣ ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок менамоянд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






