Ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон баргузор гардид

Октябрь 2, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи якуми иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар ҷаласа Созишнома дар бораи тартиби таъсис ва иҷрои буҷети Котиботи қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин», Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб», Созишнома оид ба ворид намудани тағйиру иловаи №1 ба Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва обпартои шаҳри Кӯлоб», Конвенсия оид ба таъсири фаромарзии садамаҳои саноатӣ аз 17 марти соли 1992, Созишномаи қарзӣ байни Фонди Қатар оид ба рушд дар Давлати Қатар ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои соли 2025, Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» оид ба сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон дар ҷаласа Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Филизот» оид ба лоиҳаи бунёди маҷмааи саноатӣ, Қарордоди иловагии №2 ба Созишнома оид ба хариди неруи барқ байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ширкати мудирияти пружаи садд ва неругоҳи «Сангтӯда – Сангоб» аз 17 январи соли 2006 ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Аҳмадзода Шуҳрат Аҳмад» муҳокима шуда, аз рӯи ҳама масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 2, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон