Ҳамкории илмӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ бо намояндагони Чин баррасӣ карда шуд

Октябрь 16, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ 15 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо гурӯҳи шарикон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Ҷонибҳо аҳамияти рушди ҳамкориро дар ин самтҳо таъкид намуда, барои таҳкими ин раванд изҳори омодагӣ намуданд. Иброз гардид, ки дар шароити ҷаҳони муосир зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ ба масъалаҳои калидӣ мубаддал шудаанд, ки дар тамоми соҳаҳо татбиқи васеъ меёбанд.

Президенти Академияи миллии илмҳо изҳор дошт, ки ба ин масъалаи мубрам Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар суханрониашон дар Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд, ки рушди зеҳни сунъӣ бояд таҳти назорати байналмилалӣ қарор гирад ва истифодаи он бояд ба нафъи инсоният ва рушди устувор равона карда шавад.

Ҳамзамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои муосир дар шаҳри Душанбе Маркази зеҳни сунъӣ таъсис ёбад. Бо истифода аз имконияти мавҷуда мо метавонем ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ таҳким бахшида, дар оянда ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ва амалии муштарак ноил шавем.

Иброз гардид, ки соҳаи рақамикунонӣ имрӯз дар Тоҷикистон яке аз самтҳои муҳими рушд буда, барои такмили инфрасохтори рақамӣ ва тавсеаи хизматрасониҳои электронӣ тадбирҳои иловагӣ андешидан зарур аст.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 16, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст