Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рушди ҳамкории дуҷониба дар самтҳои рақамисозии иқтисод зимни мулоқоти директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо намояндагони ширкатҳои Амрико, аз ҷумла «UST JBC», «Nasdaq», «Tethys Getevay Investment», «FL Smidth», «SpaceX/Starlink» ва «Zeppelin Tajikistan» дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҷонибҳо оид ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир табодули назар намуданд.
Роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои амрикоӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои технологияи иттилоотӣ, инчунин истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ изҳор дошт.
Намояндагони ширкатҳои Амрико аз иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди муосир ва фароҳам овардани муҳити мусоиди сармоягузорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, ворид намудани технологияҳои баланд ва васеъ гардонидани шабакаи глобалии Starlink дар қаламрави мамлакат изҳори омодагӣ намуданд.
Мулоқот ҳамчун қадами муҳими таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои пешбари ҷаҳонӣ арзёбӣ гардида, барои татбиқи ташаббусҳои нав дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ заминаи мусоид мегардад.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






