Аз 22 октябр дар Тоҷикистон «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» ба фаъолият оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 02.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 22 октябри соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» ба фаъолият оғоз менамояд. Чунин маълумот додааст Бонки миллии Тоҷикистон ба соҳибон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳадафи асосии фаъолияти «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» рақамикунонӣ ва ҳамгироии равандҳо дар низоми суғурта мебошад, ки ба шаффофият, батанзимдарорӣ, назорати сифатнок ва ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои суғуртавӣ мусоидат менамояд.
Санҷиши мавҷудияти полиси суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар портали суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯйи рақами давлатии бақайдгирии воситаи нақлиёт имконпазир аст.
Бо назардошти ҷузъиёти техникӣ қисме аз полисҳои амалкунандаи суғурта дар баъзе мавридҳо дар низом инъикос намеёбанд. Барои ҳалли ин масъала Telegram-канали расмӣ таъсис дода шудааст. Дар ҳолати муваққатан мавҷуд набудани маълумот оид ба полиси амалкунандаи суғурта соҳибони воситаҳои нақлиёт метавонанд тавассути аксгирӣ полиси суғуртавияшонро ба мессенҷери Telegram ба рақами +992 177 99 39 39 ирсол намоянд. Маълумоти фиристода ҳамарӯза ба ташкилоти суғуртавӣ ирсол карда шуда, дар муддати 10 рӯз ба Низоми ягона ворид мегардад.
То пурра ворид гардидани ҳама полисҳои амалкунанда ба «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» нисбат ба соҳибони воситаҳои нақлиёт ва ронандагон ҷарима татбиқ намегардад.
Ҳангоми пайдо гардидани саволҳо ва мушкилот оид ба ирсоли аксҳои полисҳои суғуртавӣ шаҳрвандон метавонанд ба маркази тамоси «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ»-и Бонки миллии Тоҷикистон бо рақамҳои кӯтоҳи 3939 ҳамарӯза аз соати 08:00 то 20:00 муроҷиат намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон соҳибон ва ронандагони воситаҳои нақлиётро даъват менамояд, ки полисҳои худро санҷида, дар ҳолати зарурӣ маълумотро барои воридкунии саривақтии онҳо ирсол намоянд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






