Аз ҷониби Палатаи ҳисоб маблағҳои қоидавайронкунии молиявӣ қариб 98 фоиз барқарор карда шуданд

Октябрь 24, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон зимни гузаронидани  117 чорабинии аудиторӣ аз ҷониби  Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ дар 22 134 ҳолат ба маблағи 989,6 миллион сомонӣ вайронкунии қоидаҳои молиявӣ муайян карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  584,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи Палатаи ҳисоб хабар медиҳад, аз ҷумла, вайронкунии қоидаҳои низоми молиявӣ дар 19 287 ҳолат ба маблағи 292 миллион сомонӣ ва вайронкунии қоидаҳои молиявии дорои хусусияти расмӣ дар 2 847 ҳолат ба маблағи 697,6 миллион сомонӣ муайян карда шуд.

Барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида 285,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла 276,6 миллион сомонӣ ба буҷет ва 8,7 миллион сомонӣ ба корхонаҳо барқарор карда шуд, ки 97,7 дарсади маблағи муайяншударо ташкил медиҳад.

Дар ин давра аз натиҷаи чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб 34 мавод ба маблағи 45,1 миллион сомонӣ барои чораҷӯйӣ ва қабули қарорҳои дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардид.

Барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 30 хулоса ва мактубҳои иттилоотӣ бо 839 тавсия ирсол ва аз баррасии онҳо 27 қарору фармон қабул гардида, 177 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида шуданд.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 24, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид