Аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 29 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст
ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи январ то июли соли 2025 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия 29,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст.
Маҳсулоти содиротшуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 18,0 ҳазор тонна ё аз ҷиҳати ҳаҷм 2,6 баробар ва арзиши гумрукӣ 8,5 миллион доллар ё 73 фоиз зиёд мебошад.
Аз Тоҷикистон ба Русия асосан сабзавоти тару тоза, мева, меваи хушк, ангур, асал, чормағз ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда мешавад.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот 14,6 тонна (аз ҷумла 13,6 тонна пиёз), меваҷот 8,3 ҳазор тонна (аз ҷумла 642 тонна ангур), меваи хушк 6,2 ҳазор тонна ва чормағз 229 тоннаро ташкил медиҳад.
Нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 содироти сабзавот 13,3 ҳазор тонна ё 11,9 баробар (аз ҷумла пиёз — 12,6 ҳазор тонна ё 13 баробар), мева — 3,4 ҳазор тонна ё 70 фоиз (аз ҷумла ангур — 642 тонна ё 100 фоиз), меваи хушк — 642 тонна ё 100 фоиз ва чормағз — 165 тонна ё 3,6 баробар зиёд аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки ҳамчун содироткунандаи хушкмева дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он шинохта шудааст.
Хушкмева аз витаминҳои А, В1, В2, В3, В5, В6 ва минералҳо, ба монанди оҳан, калтсий, магний, фосфор, калий ва натрий бой мебошад. Хушкмева хусусияти хуб дорад ва онро метавон ба муддати дароз дар шароити хона нигоҳ дошт.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






