Ба гиромидошти Рӯзи Мавлоно дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд

Октябрь 1, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мавлоно на танҳо шоир ва мутафаккири замони худ буд, балки ӯ бо андешаҳои оламшумул инсонро ба сӯи худшиносӣ ва маърифати ҳақиқӣ ҳидоят менамояд. Чунин  таъкид гардид дар хамоиши илмӣ-фарҳангие, ки имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба бузургдошти Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир ба шахсият, осор ва таълимоти ин орифи бузурги Шарқ сухан гуфта шуд. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо асарҳои безаволи худ, аз ҷумла «Маснавии маънавӣ», «Девони Кабир» ва «Фиҳӣ мо фиҳӣ» на танҳо адабиёти тоҷик, балки фарҳанги умумибашариро низ ғанӣ гардонидааст.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Исломбек Зоирзода  иброз дошт, ки «Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо андешаҳои сулҳпарварона, инсондӯстона ва маърифатпарваронаи худ имрӯз низ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи ибрат аст. Ӯ бо шеърҳои оламшумул ва андешаҳои ирфонӣ тавонист мардумро ба муҳаббат, ваҳдат ва хизмат ба инсон роҳнамоӣ кунад».

Иштирокдорони ҳамоиши  илмӣ-фарҳангӣ  иброз намуданд, ки осори Мавлоно бо мафҳуми умумибашарии худ имрӯз ҳам аҳамияти бузург дошта, барои ҷомеаи муосир ҳамчун манбаи ҳикмату маърифат хизмат мекунад.  Андешаҳои инсонпарваронаи Мавлоно барои тарбияи маънавии насли ҷавон ва таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ дар ҷомеа нақши калидӣ доранд.    Мавлоно инсониятро ба муҳаббат, ростӣ ва эҳтироми якдигар даъват менамояд, ки ин арзишҳо имрӯз беш аз ҳар вақти дигар муҳим мебошанд.

Дар ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ  донишҷӯён  ғазалиёт ва маснавиҳои Мавлоноро  қироат намуда, инчунин  оҳангҳои классикӣ садо  доданд.

Таҷлили Рӯзи Мавлоно дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баёнгари таваҷҷуҳи ин боргоҳи илму маърифат ба мероси гаронбаҳои фарҳангию маънавии халқи тоҷик ва нақши он дар тарбияи маънавии ҷавонон арзёбӣ мегардад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Октябрь 1, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон зиёда аз 842 ҳазор китоби дарсии «Забони русӣ» ворид гардид