Бахшида ба рӯзи таъсиси «Телевизиони Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» бахшида ба рӯзи таъсиси «Телевизиони Тоҷикистон» таҳти унвони «Таърих ва ташаккули телевизион ва радиои тоҷик» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни ҳамоиш иштирокчиён масъалаҳои марбут ба таърихи пуршарафи телевизион ва радиои тоҷик, рушди он дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, тавсеаи технологияҳои муосири телевизионӣ, радиоӣ ва инчунин усулҳои беҳтар намудани мазмуну муҳтавои барномаҳоро баррасӣ намуданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш аз таъсиси «Телевизиони Тоҷикистон» ёдовар шуда, иброз намуданд, ки телевизион чун яке аз дастовардҳои муҳими миллӣ дар рушди воситаҳои ахбори омма ва таҳкими ҳувияти миллӣ нақши арзанда дорад. Таъсиси телевизион на танҳо марҳилаи наве дар ҳаёти фарҳангӣ ва иттилоотии мамлакат буд, балки дар тарғиби арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ ва ягонагии миллӣ низ саҳми бузург гузоштааст.
Ёдовар мешавем, ки 66 сол муқаддам дар фазои иттилоотии Тоҷикистон рӯйдоди фараҳбахше ба вуҷуд омад. 3 октябри соли 1959 соати 18:00 наттоқзани тоҷик Рафоат Абдусаломова бо сухани «Ассалому алайкум, бинандагони азиз! Студияи телевизионии Сталинобод намоиши аввалини худро оғоз мекунад» дар экрани телевизионҳо пайдо шуд ва ин пайки хуше буд аз таъсиси телевизион дар Тоҷикистони азиз.
АКС: Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






