«Бахтиёр Худойназаров намояндаи барҷастаи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст», — бардошт аз форум дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахтиёр Худойназаров яке аз чеҳраҳои шинохта ва барҷастаи синамои тоҷик маҳсуб шуда, дар рушди синамои миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ нақши арзанда гузоштааст. Чунин иброз доштанд коршиносони соҳаи синамо имрӯз зимни форуми байналмилалӣ, ки таҳти унвони «Синамои Шарқ ва нигоҳи нав» бахшида ба фаъолияти эҷодии коргардони тоҷик Бахтиёр Худойназаров дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар форум чеҳраҳои маъруфи санъату синамои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ, оҳангсозон, коргардонҳо ва наворбардорони соҳаи синамо иштирок намуданд.
Дар оғоз китоби «Навори хотира: Зиндагиномаи Бахтиёр» доир ба зиндагию фаъолияти коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр гардидааст, расман рӯнамоӣ гардид.
Иброз шуд, ки коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров шахсияти эҷодие буд, ки синамои тоҷикро пас аз даврони шуравӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Ӯ тавонист зиндагии одии мардумро бо забони фаҳмои ҷаҳонӣ тавассути филмҳои офаридааш нишон диҳад.
Аввалин филми ӯ бо номи «Бародар» (соли 1991) дар бораи саргузашти ду бародар ба навор гирифта шудааст, ки соҳиби чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ гардид.
«Кош ба гӯшамон расад…», «Қош ба қош», «Падари маҳтобӣ», «Дар интизори баҳр» ва «Гетераҳои майор Соколов» аз ҷумлаи муваффақтарин филмҳои Бахтиёр Худойназаров мебошанд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҷоизаҳои мухталиф ба даст овардаанд.
Аз дигар асарҳои маъруфи ӯ метавон «Шикори бабр», «Танҳо миёнаи нилуфарҳо» ва «Қиссаи як борон»-ро ном бурд, ки дар онҳо масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ дар заминаи воқеияти муосир мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.
Бахтиёр Худойназаров бо сабки хоси худ, истифодаи усулҳои нави тасвир ва фикрҳои амиқ тавонист дар синамои ҷаҳон мақоми устувор пайдо кунад ва дар рушди синамои тоҷик саҳми назаррас гузорад.
Бахтиёр Худойназаров соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, таҳсилоти олиро дар Институти умумииттифоқии давлатии кинематография (ВГИК)-и шаҳри Москва гирифтааст. Пас аз хатми таҳсил фаъолияти эҷодии худро ҳамчун коргардон ва сенариянавис оғоз намуд. Коргардони маъруфи тоҷик 21 апрели соли 2015 дар 49-солагӣ аз олам даргузашт.
Ёдовар мешавем, ки аз 15 то 20 октябр дар Душанбе Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад. Ҳадафи синамоҷашнвора дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, махсусан рушду шукуфоии босуръати гаҳвораи фарҳангу тамаддуни тоҷикон, шаҳри гулҳо — Душанбе ба ҳисоб меравад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Ҳанкуки Кореяи Ҷанубӣ густариш меёбад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик доир мегарданд
Моҳи октябр дар Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мешавад
Дар ёдгории таърихии замони Кушониён- Сайёд корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ оғоз ёфтанд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филм дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад
Таҳти унвони «Аз ёдҳо фарёдҳо» китоби Садриддин Ҳасанзода нашр гардид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Фархор бо шаҳомати хос баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон бо намоиши молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ доир шуд






