Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии илмҳои компютерӣ ва рушдёбандаи Покистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 16.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи миллии илмҳои компютерӣ ва рушдёбандаи Покистон созишномаи ҳамкорӣ ба таври маҷозӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ хабар доданд.
Созишнома аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ва ректори Донишгоҳи миллии илмҳои компютерӣ ва рушдёбанда Офтоб Аҳмад Маруф дар асоси оинномаҳои ҳарду муассиса ба имзо расонида шуд.
Ҳадафи асосии созишнома ба роҳ мондани ҳамкории дарозмуддати байналмилалӣ дар самтҳои таълим, илм, таҳқиқот ва мубодилаи таҷриба дар самти омӯзиши зеҳни сунъӣ мебошад.
Тибқи бандҳои созишнома, ҷонибҳо дар самтҳои омӯзиши зеҳни сунъӣ, рушди табодули таҷрибаомӯзии омӯзгорон ва донишҷӯён, таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, ташкили конфронсҳо, семинарҳо ва мизҳои гирд, нашри маводи илмӣ ва методӣ, густариши робитаҳои илмӣ ва омӯзишӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамкорӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҳоло бо зиёда аз 117 муассисаи олии ватанию хориҷӣ дар самтҳои илмӣ-таълимӣ ва фарҳангӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондааст. Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки дар оянда доираи ин ҳамкориро бо муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ боз ҳам тавсеа бахшад.
АКС аз бойгонӣ








Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд






