Дар Академияи идоракунии давлатӣ барномаҳои стипендиявии Лаҳистон муаррифӣ гардиданд

Октябрь 18, 2025 08:51

ДУШАНБЕ, 18.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти академия бо  намояндагони барномаҳои стипендиявии Ҷумҳурии Лаҳистон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз академия хабар доданд.

Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода таъкид намуд, ки академия амалӣ намудани иқдоми мушаххасро барои тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо барномаҳои стипендиявии Лаҳистон дастгирӣ менамояд. Ҳамгироии илмӣ ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи таҳсилоти олӣ метавонад дар тавсеаи малакаҳои касбӣ ва рушди захираи инсонии ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузорад.

Меҳмонон иброз доштанд, ки ҳамкории минбаъда дар самти таҳсил, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин таҳқиқоти илмӣ заминаи мустаҳкаме барои муколамаи фарҳангӣ ва рушди таҳсилоти босифат хоҳад гардид.

Зимни мулоқот бо ҳайати устодон ва донишҷӯён барномаҳои стипендиявии Ҷумҳурии Лаҳистон муаррифӣ шуда, дар бораи имконияти таҳсил, талабот, равандҳои пешниҳоди дархост ва афзалияти иштирок дар барномаҳо маълумоти муфассал манзур гардид.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 18, 2025 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад