Дар Академияи миллии илмҳо бо намояндагони Корпоратсияи «Синергия» рушди инфрасохтори рақамӣ баррасӣ шуд

Октябрь 17, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо роҳбари Шуъбаи рушди бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалии Корпоратсияи «Синергия» Владимир Маркин ва асосгузору директори генералии «Bonoor Group» Шариф Абдуллоев мулоқот намуд, ки зимни он  ба масъалаи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  академия.

Иброз шуд, ки дар шароити ҷаҳони рақамӣ зеҳни сунъӣ на танҳо абзори ёрирасон, балки унсури муҳими қабули қарор ва таҳлили додаҳо маҳсуб мешавад, ки барои идоракунии самараноки захираҳо зарур мебошад.

Бо назардошти аҳамияти ҳамкории илмӣ ва таҳқиқотӣ ҷонибҳо барои ҳамкорӣ бо Корпоратсияи «Синергия» ба мувофиқа расиданд. Корпоратсияи «Синергия» — яке аз калонтарин сохторҳои илмӣ-таълимӣ мебошад, ки имрӯз дар соҳаи таҳсил ва фанноварӣ ба мамлакатҳои гуногун имконияти нав фароҳам меорад. Ҳамкорӣ метавонад дар доираи платформаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва БРИКС густариш ёбад.

Инчунин зимни мулоқот ба масъалаи рақамикунонӣ, аз ҷумла рушди инфрасохтори рақамӣ, табдили хизматрасониҳо ба шакли электронию рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 17, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад