Дар ҷаласаи 86-уми Кумита оид ба рушди шаҳрсозӣ, манзил ва идоракунии замин стратегияи рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон муаррифӣ шуд
ДУШАНБЕ, 09.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода дар нишасти вазирон оид ба мушкилоти таъхирнопазир ва афзалияти стратегии марбут ба дастрасии манзил ва устуворӣ дар минтақаи UNECE ва ҷаласаи 86-уми Кумита оид ба рушди шаҳрсозӣ, манзил ва идоракунии замин иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласа дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария доир гардид. Дар он ҳайати Тоҷикистонро Сафир, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ҳамроҳӣ намуд.
Тибқи барномаи ҷаласа, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода оид ба татбиқи «Стратегияи рушди устувор ва дастрасии манзил», рақамикунонии соҳаи сохтмон, технологияи инноватсионӣ, рушди инфрасохтори шаҳрӣ, бехатарии сейсмикӣ, ҳадафҳои стратегияи иқтисоди «сабз» ва стратегияи рушди соҳаи сохтмон сухан гуфт. Ҳамзамон рӯнамои иншооти нодири Тоҷикистонро дар партави сиёсати созандаю ободкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд.
Дар раванди ҷаласа масъалаҳо марбут ба дастрасии манзил, аз ҷумла барои гурӯҳҳои осебпазир, рушд ва таъмини манзилҳои устувор ва иқтисодиёти мустаҳкам барои рушд ва сохтмони манзил, роҳҳои беҳтар кардани талабот ва таҳияи стандартҳои сохтмон ва манзил дар минтақаи UNECE мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ки Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) яке аз панҷ комиссияи минтақавии Созмони Милали Муттаҳид ба шумор рафта, ҳадафи он мусоидат ба рушди устувор ва робитаҳои иқтисодӣ тавассути муколама, таҳияи меъёрҳо, стандартҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ мебошад.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






