Дар Арабистони Саудӣ татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои энергетика ва рушди деҳот дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ мулоқоти муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо Директори генералии Гурӯҳи Бонки исломии рушд оид ба амалиёт Айссам Аннам баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия.
Ҷонибҳо барои ҳамкории пурсамар изҳори сипос намуда, татбиқи амалии як қатор лоиҳаҳоро, аз ҷумла дар самтҳои энергетика, инфрасохтори нақлиёт, рушди деҳот, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва рақамикунонӣ баррасӣ намуданд.
Инчунин мусоҳибон имкониятҳои нави бонкро дар доираи равзанаи маблағгузории имтиёзнок муҳокима намуда, омодагии худро барои истифодаи он барои пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон таъкид намуданд.
Ҳамсуҳбатон бар идомаи муколамаи фаъол ва густариши ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






