Дар Бохтар корҳои иктишофи сейсмикии Корпоратсияи миллии нафту гази Чин идома доранд

Октябрь 1, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 01.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаҳои кӯҳии ҷанубу ғарбии Тоҷикистон корҳои иктишофи сейсмикӣ дар «Бохтар аз ҷониби Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) ва иҷрокунандаи лоиҳа — ширкати байналмилалии BGP идома доранд.

Пас аз зиёда аз даҳ соли таваққуф, моҳи августи соли равон лоиҳаи тадқиқоти сейсмикии 2D дар ин минтақа аз сар гирифта шуд. Ҳадаф  бо истифодаи технологияҳои муосири сейсмикӣ омӯзиши захираҳои нафту газ дар зери замин мебошад.

Бохтар, ки дар ҷанубу ғарби ҷумҳурӣ ҷойгир аст, яке аз минтақаҳои муҳими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи нафту газ ба ҳисоб меравад. Шароити мураккаби геологию релефии минтақа иҷрои тадқиқотро душвор мегардонад. Дар баъзе мавзеъҳо фарқияти баландӣ садҳо метрро ташкил дода, сангҳои сахт ва заминҳои ноустувор ба насбу интиқоли таҷҳизот монеа эҷод мекунанд. Дар сатҳи зеризамин мавҷудияти қабатҳои қавии ангидриту намак то 6000 метр душвории иловагӣ ба роҳ мондааст.

Бо вуҷуди ин, ширкати BGP, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ дар омӯзиши минтақаҳои душвор дорад, гурӯҳи мутахассисони баландихтисосро ҷалб намуда, бо истифода аз таҷҳизоти муосир ба ҷамъоварии дақиқи сигналҳои сейсмикӣ машғул аст. Барои баланд бардоштани сифати маълумот моделҳои муфассали рӯизамин ва зеризамин таҳия гардида, усулҳои пешрафтаи коркарди маълумот, аз ҷумла тасвири бисёрдоменӣ ва инверсияи томографии муфассал истифода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки BGP соли 2013 тавассути тендери байналмилалӣ ба бозори иктишофи сейсмикии Тоҷикистон ворид шуда, соли 2014 дар блоки Бохтар корҳои саҳроиро оғоз карда буд. Имрӯз низ ширкат ба сифати баланд ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ афзалият медиҳад.

Иҷрои лоиҳа бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои об, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Ба масъалаи ҷалби кадрҳои маҳаллӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ бо усули «омӯзиши назариявӣ ва таҷрибаи амалӣ» ҷалб шуда, малакаҳои касбии сейсмикӣ — аз ченкуниҳои геодезӣ то коркарди маълумотро аз худ мекунанд. Ин на танҳо иҷрои босифати корҳоро таъмин менамояд, балки ба фароҳам овардани ҷойҳои кории устувор ва рушди иқтисодии маҳаллӣ низ мусоидат мекунад.

Мутахассисон бар онанд, ки тадқиқоти сейсмикӣ ҳамчун марҳилаи асосӣ барои омӯзиши захираҳои нафту газ хизмат менамояд. Бо ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти дақиқ имкон фароҳам меояд, ки сохтори геологии зеризамин равшантар тасвир шуда, имконияти кашфи конҳои нави нафту газ афзун гардад.

Ба гуфти масъулон, корҳои иктишофии мазкур метавонанд дар оянда саҳми назаррас дар рушди бахши энергетикии Тоҷикистон дошта бошанд.

 

АКС: Корпоратсияи миллии нафту гази Чин

Октябрь 1, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид