Дар доираи Рӯзҳои синамои Қирғизистон дар Душанбе филмҳои «Шамбала» ва «Эсимда» намоиш дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар кинотеатри «Ватан»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон ифтитоҳ мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Мухлисони синамои қирғиз имкон доранд, ки давоми се рӯз филмҳои ҳунарии «Шамбала» ва »Эсимда»-ро тамошо намоянд.
Дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманди ду халқи дӯсту бародар, аз ҷумла таҳкими ҳамкории синамогарони ду давлат ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани Рӯзҳои синамои Қирғизистон дар Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи синамои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзҳои синамои Қирғизистон дар Тоҷикистон дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» баргузор мегарданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






