Дар доираи татбиқи лоиҳаи «БРАМОМ-4» дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳо панҷараҳои муҳофизатӣ сохта мешаванд

Октябрь 22, 2025 16:40

ДУШАНБЕ, 22.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ — «БРАМОМ-4» бо сифати баланд ва дар вақти муайянгардида татбиқ мегардад. Ин нукта дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари Гурӯҳи лоиҳаи «БРАМОМ-4» Абдул Ҳамид Халилӣ дар Душанбе таъкид гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири нақлиёт аз ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи нақлиёт ёдовар шуда, гуфт, ки татбиқи лоиҳаи «БРАМОМ-4» дар сохтмони қитъаи роҳҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 95 фоизро ташкил дода, дар арафаи анҷомёбӣ аст. Дар қитъаҳои роҳҳои вилояти Суғд иҷрои корҳо беш аз 85 фоизро ташкил дода, раванди кор тибқи нақша идома дорад.

Ҳамзамон дар мулоқот масоили татбиқи лоиҳаи «БРАМОМ-4», махсусан оид ба таҷдиду навсозии қитъаҳои роҳҳои вилояти Суғд ва сохтмони пулҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР), баланд бардоштани сатҳи истифодаи тасмаи бехатарӣ, таҳияи «Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Нақшаи амал барои солҳои 2025-2035» баррасӣ гардиданд.

Гуфта шуд, ки ояндаи наздик сохтмони панҷараҳои муҳофизатӣ дар қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои автомобилгард дар шароити мураккаби кӯҳӣ ва таҳвилу насби тарозуҳо барои баркашидани вазни воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат (WIM) дар қитъаҳои алоҳидаи роҳ амалӣ карда мешавад. Инчунин дар доираи лоиҳа кумаки техникӣ барои таъсиси расадхонаи (обсерваторияи) бехатарии ҳаракат дар роҳ дар назар аст.

Вазири нақлиёт ҳамчунин масъалаҳои аз ҳисоби сарфаи маблағҳо иҷро намудани корҳои иловагӣ — таҷдиди қитъаҳои роҳи «Хистеварз – Соҳилоб» (9,2 км) дар вилояти Суғд, роҳи «Барсем-Танг» (1,36 км) ва сохтмони роҳи навро ба маҳаллаи Тем (0,9 км) дар Бадахшон ба миён гузошта, аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ хоҳиш намуд, ки ба гирифтани иҷозат мусоидат намоянд. Абдул Ҳамид Халилӣ гуфт, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамкории минбаъдаро дар самти нақлиёт ва сохтмону таҷдиди роҳҳои Тоҷикистон густариш хоҳад дод.

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар доираи сафар бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4» аз 20 то 24 октябри соли равон бо Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон чанд мулоқот доир менамояд.

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ барои шиносоӣ бо сохтмони қитъаҳои роҳ ба вилояти Суғд рафтанд.

Дар назар аст, ки то охири ҳафта гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои татбиқи лоиҳа бо намояндагони ширкатҳои машваратии «Corporate Solution Consulting Ltd» ва «EASST Expertise LTD -и Британияи Кабир, «Finnok/Sirway»-и Финладия, «FRED Engineering S.R.L»-и Италия, инчунин шарики лоиҳа – Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот ва оид ба бехатарӣ ҳангоми корҳои сохтмонӣ машварат доир намояд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2025 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа