Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Иди Меҳргон ҳамоиш баргузор карда шуд

Октябрь 18, 2025 08:38

ДУШАНБЕ, 18.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 17 октябр дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таҳти унвони «Меҳргон – оинаи фарҳангу забон» ҳамоиши илмӣ – маърифатӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.

 Дар ҷамъомад вобаста ба моҳият ва аҳамияти таърихии ин ҷашни аҷдодӣ ибрози андеша гардид.

Гуфта шуд, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари мамлакат бо шукуҳи хосса баргузор гардида, ифодаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии миллат мебошад.

Меҳргон ҷашни тирамоҳи сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор менамуданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд. Ҳамин тариқ, ҷашни Меҳргон на танҳо анъанаи куҳани фарҳангӣ аст, балки ҷашни сарҷамъӣ, заҳмат, қадршиносӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Ин ид на танҳо намоиши неъматҳои бо заҳмати деҳқонон рӯёнидаро фаро мегирад, балки майдони омӯзиш ва табодули таҷриба барои кишоварзон низ ҳаст. Дар доираи баргузории он деҳқонон ва мутахассисони соҳа метавонанд оид ба навъҳои гуногуни зироат, хусусияти иқлимӣ ва роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ маълумот пайдо намоянд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Октябрь 18, 2025 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд