Дар Душанбе Фестивал-симпозиуми байналмилалии фалак баргузор гардид

Октябрь 15, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 15.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Фестивал-симпозиуми байналмилалии фалак таҳти унвони «Фалак ва истиқлоли давлатӣ: аз эҳё то эътирофи ҷаҳонӣ» баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Фестивал-симпозиуми байналмилалӣ дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди санъати шашмақом, фалак ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» доир шуд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён гуфт, ки “фалак ҳамчун мероси нодири фарҳанги миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё гардида, имрӯз ба сатҳи ҷаҳонӣ расидааст. Сиёсати фарҳангпарваронаи давлат ва ҳукумат, махсусан таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди санъати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар эҳёи мусиқии суннатии тоҷик заминаи муҳим гузошт”.

Иброз гардид, ки фалак мусиқии мардумӣ, фолклорӣ ва эҷодиёти халқ буда, асосан дар намуди шифоҳӣ аз насл ба насл ба мерос мондааст. Ин мусиқии суннатии тоҷик, ки ҳам мусиқии этнографӣ ва ҳам жанрҳои гуногуни мусиқии касбиро, аз қабили шашмақом ва фалак фаро гирифтааст, таърихи хеле қадимӣ дорад.

Ба андешаи мусиқишиносон, фалак намуд ва усулҳои иҷрокунандагии махсус дорад. Асосан ду намуди фалак — фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ шинохта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи фалак муайян карда шудааст. Ин санъати беназири миллии тоҷикон ифодаи ҳиссиёт, андеша ва руҳи мардуми тоҷик буда, дар рушди фарҳанги миллии мамлакат  ҷойгоҳи арзанда дорад.

Ин мусиқии суннатии тоҷик 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.

Дар ҳамоиш профессорон, омӯзгорон, донишмандон ва мутахассисони соҳаи мусиқӣ дар бораи таърих, мақом ва нақши ин жанр дар таҳкими ҳувияти миллӣ маъруза намуданд.

Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, соати 17:00 шоми фалакхонӣ доир мегардад.

Пагоҳ, 16 октябр, соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Фестивали байналмилалии фалак баргузор мешавад. Дар он фалаксароён аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Файзобод, Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунармандон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок менамоянд.

 

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 15, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд