Дар Душанбе форуми минтақавӣ-ҷаласаи роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода аз давлатҳои Осиёи Марказӣ идома дорад

Октябрь 17, 2025 09:17

ДУШАНБЕ, 17.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон  форуми минтақавӣ-ҷаласаи роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулода аз давлатҳои Осиёи Марказӣ  оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласа бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулода ва паст кардани хатари офатҳои табиӣ (CESDRR), Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ (UNDRR) идома дорад.

Дар доираи барномаи форум,  ҳайатҳои кишварҳои иштироккунанда  боғи ангури шаҳри Турсунзодаро тамошо намуданд.

Ин ҳамоиш ҳамчун минбари табодули таҷриба, таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии ниҳодҳои вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ дар минтақа барои беҳбуди омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ хизмат мекунад.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 17, 2025 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд